Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Толибон раҳбари нав интихоб мекунанд


Баъди кушта шудани Мулло Ахтар Мансур дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар марзи Афғонистону Покистон, Шӯрои олии Толибон раҳбари нави ин ҳаракати шӯриширо интихоб хоҳад кард.

Хабаргузории Ройтерс аз қавли манобеи худ дар Афғонистон менависад, ки эҳтимолан шахсе бо номи Сироҷиддин Ҳаққонӣ раҳбари баъдии гурӯҳи шӯришии Толибон интихоб шавад. Ҳанӯз дар ин замина ҳеҷ хабари расмӣ ва ё таъйиди худи Толибон дар даст нест, вале дар сурати интихоб шудани ин шахс, стратегияи фаъолияти ин гурӯҳ эҳтимолан боз ҳам хунхортару бераҳмтар шавад. Инро бархе коршиносони амрикоӣ ҳам мегӯянд. Роҷеъ ба ин шахс дар асл иттилои зиёд дар даст нест. Танҳо маълум аст, ки ӯ аз авлодҳои Мулло Умар, раҳбари собиқи Толибон аст, ки соли 2013 кушта шуд. Ҳамчунин маълум аст, ки таркиши мудҳишеро дар як меҳмонхонаи шаҳри Кобул дар соли 2008 ҳамин шахс ташкил ва анҷом дода, аз ҳамон замон то ба имрӯз мақомоти амрикоӣ барои пайдо кардани ӯ 5 миллион доллар подош ваъда кардаанд.

Дар ҳоле, ки эҳтимоли таъйин шудани раҳбари нав ҳанӯз дар сатҳи шоеаҳо мебошад, бархе манобеъ мегӯянд, баъди рӯзи 21 май дар як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудани Мулло Ахтар Мансур дар марзи Афғонстону Покистон, ду рӯз аст Шӯрои олии Толибон ташкили ҷаласа мекунад. Ба иттилои радиои Афғонистони Озод, маҳз ҳамин шӯро интизор меравад исми раҳбари нави Толибонро эълон хоҳад кард.

Толибон як ҳаракати шӯришист, ки дар Афғонистон зидди нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҳам нирӯҳои байналмилалӣ меҷангад. Толибон солҳои 1996 то 2001 дар Афғонистон бо ваҳшоният ва хушунати зиёд ҳукумат карда баъдан сарнагун шуданд.

Раҳбари нави Толибон аз хешовандон ё писари мулло Умар хоҳад буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00

Барак Обама таъйид кард, ки раҳбари Толибон кушта шудааст

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико хабари кушта шудани Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари Толибони Афғонистон дар ҳамлаи ҳавопаймоҳҳои бидуни сарниши амрикоиро тасдиқ кард. Ба гузориши Франс-пресс, оқои Обама марги раҳбари Толибонро "қадаме муҳим" дар раванди сулҳи Афғонистон номидааст.

Барак Обама гуфтааст, ки "мо раҳбари як гурӯҳро, ки ба тарҳрезии ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои амрикоӣ ва эътилоф идома додааст, ҷангро дар баробари мардуми Афғонистон ба роҳ андохтааст ва дар сафи гурӯҳҳои тундрав, монанди Ал-Қоида қарор гирифтааст, аз байн бурдем."

Қаблан Пентагон ё Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон карда буд, ки алайҳи Мулло Ахтармуҳаммад Мансур - раҳбари Толибон ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифта ва "мумкин аст, бар асари ин ҳамла ӯ кушта шудааст". Ба қавли Петер Кук, сухангӯи Пентагон, ин ҳамла рӯзи 21 май дар марзи Афғонистону Покистон сурат гирифтааст. Мақомоти Амрико мегӯянд, ки ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи Мулло Ахтармуҳаммад Мансур бо дастури Барак Обама ва тавассути ҳавопаймои бидуни сарнишини Нерӯҳои махуси амалиётии Амрико дар ҷануб-ғарби шаҳри Аҳмад Вал анҷом шудааст.

Рӯзи гузашта раёсати амнияти миллии Афғонистон хабари кушта шудани Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари Толибонро таъйид карда буд. Ин ниҳод гуфт, Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари Толибон рӯзи 21-уми май дар ҳамлаи ҳавоӣ дар вилояти Балуҷистони Покистон кушта шудааст. Ин идора бо нашри як эъломия гуфт, ки раҳбари Толибон соатҳои 4:45-и баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ дар яке роҳҳо дар минтақаи Даҳл Бандини вилояти Балуҷистони Покистон кушта шудааст.

Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳам рӯзи 22 май бо нашри як хабарнома гуфт, ки ҳукумат талош мекунад, то ҷузъиёт дар мавриди сарнавишти раҳбари Толибон дар ин амалиётро баррасӣ ва натиҷаи онро дар ихтиёри мардум қарор бидиҳад. Ҳамзамон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон рӯзи 22 май дар нишасти Шӯрои вазирони он кишвар гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари Толибон дар як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шуда бошад.

Мақомоти Толибони афғон ҳам таъйид карданд, ки Мулло Ахтармуҳаммад Мансур дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар манотиқи марзии Афғонистон ва Покистон кушта шудааст. Гурӯҳи Толибон бо раҳбарии Муҳаммадрасул мегӯяд, маълумоте, ки онҳо дар даст доранд, таъйид мекунад, ки Мулло Ахтармуҳаммад Мансур дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст.

Мулло Абдулманнон Ниёзӣ, як раҳбари гурӯҳи ҷудошудаи Толибон дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мошини ҳомили Мулло Ахтармуҳаммад Мансур аз сӯи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ҳадаф қарор гирифта ва ду нафар сарнишини он комилан сӯхтаанд. Мулло Абдурауф, яке аз фармондеҳони гурӯҳи Толибон ҳам дар сӯҳбат ба хабаргузориҳо кушта шудани Мулло Ахтармуҳаммад Мансурро таъйид кардааст.

Мулло Ахтар Мансур дар моҳи июли соли гузашта, билофосила пас аз эълони марги Мулло Умар, раҳбари пешини Толибон раҳбари ин гурӯҳ интихоб шуд. Мулло Умар дар соли 2013 дар шаҳри Карочии Покистон фавт кардааст. Аммо бархе аз чеҳраҳои саршиноси гурӯҳи Толибон аз эътирофи Мулло Мансур ба унвони раҳбари Толибон сарпечӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG