Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон шиносномаҳои боздоштшударо сохта медонад


Раиси Хадамоти давлатии сабти номи шаҳрвандони Қирғизистон мегӯяд, ки шиносномаҳое, ки дар аввали ҳафта аз сокинони Уйғури Чин дар Туркия бозошт кардаанд, шиносномаҳои ҷаълӣ ё сохта будаанд.

Тайирбек Сарпашев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаҳрвандони Чин, яъне уйғуртаборони ин кишвар бо худ шиносномаҳои сохтаи Қирғизистонро доштаанд.

Сарпашев бар ин ақидааст, ки имкон дорад баъзеҳо то ҳол нусхаҳои шиносномаҳои сохтаи қирғизиро дар ҷойҳое истифода кунанд. Вай гуфтааст, ки ҷустуҷӯи созмон ё ширкате, ки ин шиносномаҳоро сохтааст, идома дорад.

Бино ба хабарҳои матбуотӣ, 17 май дар фурудгоҳи Отатурки Истамбули Туркия пулис 98 нафарро бо шиносномаҳои Қирғизистон боздошт кард. Онҳо ҳама уйғуртаборони Шинҷони Чин буданд.

Бино ба гузоришҳо, 4 нафар дар фурудгоҳи Истамбул гӯё барои фурӯши шиносномаҳои сохтаи Қирғизистон ва билетҳои парвоз ба Арабистони Саъудӣ ба уйғуртаборони Чин боздошт шудаанд.

Бозрасони Туркия мегӯянд, ки уйғурҳо аслан билети парвозро ба Қибриси шимолӣ харидорӣ кардаанд ва барои ҳар шиноснома 2 800 долларии дигар додаанд. Онҳо 340 долларрии дигар додаанд, то аз он ҷо ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ сафарашонро идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG