Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷенс Столтенберг -Дабири кулли паймони НАТО мегӯяд, ин созмони низомии дорои 28 узв ба тавофуқ расидааст, ки пеш аз мулоқоти моҳи июли раҳбарони кишварҳои узви ин паймон дар Варшава бо Русия бори дигар мулоқот анҷом бигирад.

Аммо ба назар мерасад, ки мақомоти Русия имкони мулоқоти Шӯрои НАТО-Русияро ба ин зудиҳо фароҳам намеоранд.

енс Столтенберг 20 май гуфт, ки вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узв мехоҳанд дар ду самт кор кунанд. Онҳо аз як сӯ мехоҳанд Русияро ба муколама ташвиқ кунанд ва аз сӯи дигар мехоҳанд қобилияти дифоии нируҳои НАТО-ро дар баробари афзоиши хатар аз сӯи Русия боло бибаранд.

Вай гуфт, кишварҳои узв ба тавофуқ расидаанд, ки Шӯрои НАТО-Русияро, ки соли 2002 ташкил шуда буд, ташвиқ кунанд. Ин шӯро мулоқотҳои худро ду сол боздошт, зеро дар соли 2014 Русия нимҷазираи Қрими Украинаро ба худ пайваст кард.

XS
SM
MD
LG