Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон барои мусоидат дар бартарафсозии оқибатҳои сели вайронгар дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ миннатдорӣ кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки кормандони Дивизияи 201-уми Русия бо мошинҳои обкашонӣ ва мотопомҳои обкаш, обу лойи ҷамъшудаи дохили манзилҳои истиқоматӣ, таххона, ҳавлӣ, кӯчаву роҳравҳо, мактаб, идораи ҷамоат ва мағозаҳоро дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва шаҳри Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдаки кашиданд. Ҳамчунин кормандони ин пойгоҳи низомӣ дар ҳамоҳангӣ бо кормандони мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба мардуми зарардида кӯмакҳои амалӣ расонидаанд. Шаби 12 уми май бинобар бонронгариҳои сахт ва омадани сел сатҳи дарёи Элок баланд гардид ва ба ҷамоатҳои Зайнабод ва шаҳркаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ хисороти зиёд ворид кард.

XS
SM
MD
LG