Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти нави зидди муҳоҷирон дар Маскав


Ба думболи хунрезӣ дар як оромгоҳи шаҳри Маскав, мақомоти интизомии Русия амалиётеро дар яке аз марказҳои бузурги тиҷоратӣ барои боздошти муҳоҷирон шурӯъ кардаанд. Беҳрӯз, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин марказ фурӯшгоҳ дорад, рӯзи 20-уми май гуфт, ки маъмурони нерӯҳои ОМОН ва ё нерӯҳои махсуси шаҳри Маскав, ки бо калтак мусаллаҳ ҳастанд ба фурӯшгоҳ омада ва даҳҳо нафар аз муҳоҷиронро дастгир карда ва бурданд. Ба гуфтаи Беҳрӯз, даҳҳо маъмури милиса баъди нисфирӯзии рӯзи ҷумъа ба фурӯшгоҳи “Теплий Стан” дар ҷанубу ғарби пойтахти Русия омада ба тафтиши санадҳои муҳоҷирон оғоз карданд ва даҳҳо нафарро боздошт карда ва дар ду автобус бо худ бурданд. Ба гуфтаи Беҳрӯз, дар фурӯшгоҳи “Теплий стан” дар Маскав тақрибан 1000 нафар муҳоҷирони тоҷикистонӣ кор мекунанд ва бисёре аз муҳоҷирони боздоштшуда шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ будаанд.

Дар раёсати умури дохилии шаҳри Маскав аз шарҳи ин хабар худдорӣ карданд, вале пеш аз ин хабар додситонии Русия ба вазорати умури дохилӣ амр додааст, ки камбудиҳо дар соҳаи муҳоҷиратро рафъ кунад. Дар баёнияи додситонии Русия, ки рӯзи 20-уми май дар вебсайти он нашр шуд, омадааст, ки тафтишотҳои додситонӣ нишон додааст, кормандони вазорати умури дохилӣ риояти қонунҳо аз тарафи шаҳрвандони хориҷиро дуруст назорат намекунанд ва кору иқомати ғайриқонунӣ зиёд аст. Додситонӣ намуна овардааст, ки дар шаҳри Якутск молики гараже 30 шаҳрванди хориҷиро дар онҷо сабти ном кардааст. Додситонии Русия гуфтааст, ки танҳо дар се моҳи аввал 10 ҳазор мавриди қонуншиканӣ дар арсаи муҳоҷиратро сабт кардаанд.

Чанд рӯз пештар аз амалиёти “мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ” ва дастури додситонии Русия ба вазорати умури дохилӣ дар оромгоҳи Хованское дар шаҳри Маскав миёни як гурӯҳи ҷиноӣ ва гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик муноқиша сар зад, ки дар натиҷа се муҳоҷир аз шаҳри Роғун кушта шуданд ва бештар аз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Муноқиша сару садои зиёдеро дар Русия барангехт ва ба яке аз мавзӯҳои доғи баҳс дар матбуоти он кишвар табдил шуд.

XS
SM
MD
LG