Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи боздоштҳо дар остонаи эътирозҳо дар Қазоқистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Пулиси Алма-Ато, бузургтарин шаҳри Қазоқистон, гуфт, дар “пинҳонгоҳҳо” дар маркази ин шаҳр чандин ашёе пайдо кардаанд, ки метавонанд ҳамчун силоҳ ё барои оғози тирпарронӣ истифода шаванд. Идораи пулиси Алма-Ато рӯзи 20 май дар як изҳороти расмӣ гуфт, дар пайи кашфи “чанд силоҳи оташфишон, муҳимот, 4 норинҷак ва 5 миллион танга пули нақд(муодили 15 000 доллар)” дар ду манзил 5 нафарро боздошт кардаанд. Пулис ҳамчунин аз кашфи даҳҳо балони газ ва маводи хом барои сохтани “коктейли Молотов” хабар дод. Ин хабар дар ҳолест ки бино ба гузоришҳо, дар Қазоқистон боз ду фаъолро бо ҷурми “омодагӣ ба тазоҳуроти оммавии бидуни иҷозат” 15-рӯзӣ ҳабс карданд. Тайи 10-15 рӯзи охир дар маҷмӯъ дар ин кишвар дастикам 26 тан аз фаъолонро бо айни иттиҳом зиндонӣ кардаанд. Фаъолон ва мухолифини қазоқ талош доранд, рӯзи 21 май дар саросари кишвар алайҳи қонуне, ки ба моликияти фермерҳо додани замин ва то 25 сол барои иҷора ба хориҷиҳо додани заминро иҷозат медиҳад, эътирозҳои оммавӣ доир кунанд. Матбуоти давлатӣ талош дорад, ин эътирозҳоро “ғайриқонунӣ”-е, ки аз сӯи “қувваи сеюми хориҷӣ” ташкил шудаанд, нишон бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG