Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Миср: Пораҳои ҳавопайморо пайдо кардаанд


Артиши Миср гуфт, шикастапораҳои ҳавопаймои ғайбзадаи “EgyptAir”-ро дар баҳри Миёназамин пайдо кардаанд. Сухангӯи артиш дар Фейсбук хабар дод, ки ҳавопаймоҳо ва киштиҳои низомии Миср чизҳои мусофирон ва пораҳои ҳавопаймои “Airbus A320”-ро дар тақрибан 290-километрии шимоли Искандария ёфтаанд. Ин ҳавопаймо бо 56 мусофир ва 10 узви экипаж субҳи 19 май дар роҳи парвоз аз Порис ба Қоҳира баъди вуруд ба ҳарими ҳавоии Миср аз экрани радарҳо ғайб зад. Миср қаблан гуфт, ҳавопаймо шояд дучори ҳамлаи террористӣ шуда бошад. Моҳи ноябри соли 2015 як ҳавопаймои Русия бо 224 сарнишин дар нимҷазираи Синайи Миср суқут карда буд. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” иддао кард, ки афроди он дар ин ҳавопаймо бомб гузошта буданд. Русия ва кишварҳои Ғарб низ гуфтанд, ки ин ҳавопаймо дучори ҳамлаи террористӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG