Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду "эмиссар"-и тоҷики ДИИШ дар Петербург


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 20 май хабар дод, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ин шаҳр бо иттиҳоми ҷалби афрод ба сафи созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъа дар ҷараёни кофтукоб аз ин ду нафар адабиёту рамзҳои мазҳабӣ ёфт шудааст. Дар қиболи ин ба истилоҳ “эмиссар”-ҳои тоҷики гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки фаъолияташ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Русияву Тоҷикистон манъ шудааст, бар асоси қисми аввали моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноии Русия (мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ) таҳқиқот идома дорад ва масъалаи ба ҳабс гирифтани ҳарду боздоштшуда дар дасти баррасӣ қарор доштааст. Қисми аввали моддаи 205-уми Кодекси ҷиноии Русия барои кумак ба аъмоли террористӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи то 500 000 рубл, муодили беш аз 7 000 долларро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG