Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 6 ҷангҷӯ дар Дараи Ғозихон


Дарвозаи донишгоҳи Баҳовуддин Закариё дар шаҳри Мултон

Дарвозаи донишгоҳи Баҳовуддин Закариё дар шаҳри Мултон

Мақомоти Покистон мегӯянд, 6 ҷангҷӯи исломӣ қабл аз ҳамлаи барномарезишудаашон ба як донишгоҳ дар вилояти Панҷоб кушта шудаанд. Мақомоти пулиси зиддитеррор рӯзи 20 май гуфтанд, ки як гурӯҳи ҷангҷӯён дар ноҳияи Дараи Ғозихон дар наздикии шаҳри Мултон ҳадафи ҳамлаи пулис қарор гирифтанд. Ба гуфтаи мақомот, ин ҷангҷӯён қасди ҳамла ба донишгоҳи Баҳовуддин Закариёро дар сар доштанд. Рӯзи 18 май нирӯҳои амниятии Покистон 8 ҷангҷӯи эҳтимолиро дар рустои Навобпур дар наздикии Мултон ба ҳалокат расонданд. Мақомот онҳоро аъзои шабакаи Ал-Қоида меноманд. Дар ҳамин ҳол, пулиси Пешовар гуфт, се бомбгузори маргталаб, ки аз минтақаи қабиланишини Хайбар савори мотосикл ба Пешовар мерафтанд, дар роҳ бар асари таркидани маводи мунфаҷираашон ҳалок шудаанд.

XS
SM
MD
LG