Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

То 10 000 маҳбус афв мешаванд


Парлумони Озарбойҷон. Акс аз соли 2012

Парлумони Озарбойҷон. Акс аз соли 2012

Парлумони Озарбойҷон рӯзи 20 май, дар пешорӯи Рӯзи ҷумҳурӣ, ки ҳар сол рӯзи 28 май таҷлил мешавад, боз як қонуни афвро қабул кард. Тарҳи ин қонун аз сӯи бонуи аввали Озарбойҷон Меҳрубон Алиева, ки вакили парлумон ҳам ҳаст, пешниҳод шудааст. Интизор меравад, бар асоси ин қонуни афв, то 3500 маҳбус озод шуда, дар маҷмӯъ он ба сарнавишти ҳудуди 10 000 зиндонӣ таъсир кунад. Вакилони парлумони Озарбойҷон мегӯянд, наврасони то синни 18 ва занону мардони болиғ аз синни 60, онҳое, ки фарзанди маълул доранд, ҳамчунин ветеранҳои ҷанг ва онҳое, ки ба ҷомиа “хатари зиёд” надоранд, мавриди ин афв қарор мегиранд. Ҳанӯз маълум нест, ки афви эълоншуда ба маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла ба ҳамкори Радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоилова, ки ба 7,5 соли зиндон маҳкум шудааст, дахл хоҳад кард ё на.

XS
SM
MD
LG