Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарзияи ҳамлаи террористӣ дар суқути ҳавопаймои Миср


Ҳавопаймои суқуткарда қабл аз парвозаш аз фурудгоҳи Орлии Порис

Ҳавопаймои суқуткарда қабл аз парвозаш аз фурудгоҳи Орлии Порис

Миср мегӯяд, ҳавопаймое, ки субҳи 19 май дар фарози баҳри Миёназамин ғайб зад, шояд дучори ҳамлаи террористӣ шуда бошад. Шаби гузашта амалиёти густардаи устуҷӯи пораҳои ҳавопаймои суқуткардаи ширкати “EgyptAir” дар обҳои баҳри Миёназамин идома кард. Ин ҳавопаймо бо 56 мусофир ва 10 узви экипаж субҳи 19 май дар роҳи паровз аз Порис ба Қоҳира баъди вуруд ба ҳарими ҳавоии Миср аз экрани радарҳо ғайб зад. Мақомоти Юнон гуфтанд, пораҳоеро, ки метавонад пораҳои ҳавопаймои Миср бошад, дар наздикии ҷазираи Крит пайдо кардаанд. Аммо ноиби раисиҷумҳури Миср Аҳмад Одил ба телевизиони СNN гуфт, ташхиси онҳо нишон дод, ки пораҳои ёфтшуда ба ҳавопаймои суқуткарда рабт надоранд. Моҳи ноябри соли 2015 як ҳавопаймои Русия бо 224 сарнишин дар нимҷазираи Синайи Миср суқут карда буд. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” иддао кард, ки афроди он дар ин ҳавопаймо бомб гузошта буданд. Русия ва кишварҳои Ғарб низ гуфтанд, ки ин ҳавопаймо дучори ҳамлаи террористӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG