Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, дар Гран-При "Оstrava golden spike" дар Ҷумҳурии Чех медали нуқра ба даст овард.

Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 78,82 метр мақоми дувумро касб кард.

Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Чех Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 80,66 метр ғолиб шуд. Маркел Ломнитски аз Словакия бо натиҷаи 77,48 метр мақоми севумро соҳиб гашт.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.

"Аз ҳама мақсади олӣ дар Олимпиада ин ба даст овардани медал мебошад. Бинобар ин, мо умед мебандем, омодагӣ мегирем, вале чунонки мегӯянд, ҳамааш бо хости Худост. Агар ҳама чиз хуб анҷом ёбад, медал ҳам мешавад," – иброз дошт Дилшод Назаров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гурзандози маъруфи тоҷик дар бораи рақибонаш, ки дар Бозиҳои олимпӣ бо онҳо барои ҷоиза талош мекунад, гуфт, "ман 5-6 рақиби аслӣ дорам, ки дар Бозиҳои олимпӣ бо онҳо сабқат мекунам. Инҳо варзишгарони Лаҳистон, Маҷористон, Русия ва Миср мебошанд, ки дар тӯли солҳои ахир мунтазам натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд.”

Ҳолнома:

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Ҷамолиддинович Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон (Инглистон) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG