Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пораҳои ҳавопаймои суқуткардаро пайдо кардаанд


Мақомоти низомии Юнон гуфтанд, ки дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймое, ки дар роҳи парвоз аз Порис ба Қоҳира ғайб зад, дар наздикии ҷазираи Крит пораҳоеро, ки шояд бозмондаҳои ҳавопаймои суқуткардаи ширкати “EgyptAir” бошанд, пайдо кардаанд. Сухангӯи ситоди кулли артиши Юнон Вассилис Белетсиотис гуфт, ҳавопаймо чанд пора шудааст ва барои таҳқиқ киштиҳоро фиристодаанд.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд қаблан гуфт, ҳавопаймои ширкати “EgyptAir”, ки субҳи 19 май дар баҳри Миёназамин аз экрани радарҳо ғайб зад, суқут кардааст. Ҳолланд, ки дар ҷаласаи изтирорӣ бо вазирони ҳукуматаш сӯҳбат мекард, гуфт, ягон фарзия дар робита ба иллатҳои суқути ин ҳавопайморо наметавон сарфи назар кард ваё дар мадди аввал гузошт. Вазорати хориҷаи Миср гуфт, дар робита ба суқути ҳавопаймо бо Фаронса табодули таслият кардааст. Ҳавопаймои навъи Airbus A320, рақамаш MS804 бо 56 мусофир ва 10 узви экипаж, ки аз Порис ба Қоҳира парвоз мекард, субҳи 19 май баъди ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Миср дар баландии 11 300 метр аз радарҳо ғайб зад.

XS
SM
MD
LG