Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 тонна маҳсулоти Тоҷикистонро ба Русия роҳ надоданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маъмурони идораи “Росселхознадзор”-и вилояти Оренбурги Русия 12,1 тонна маҳсулоти Тоҷикистонро ба қаламрави Русия роҳ надодаанд. Ин 12 тонна маҳсулот дар як мошин дар гузаргоҳи “Маштаково” ҳамчун “маҳсулоти хатари фитосанитариаш зиёд” ба Қазоқистон пас гардонда шудааст. Идораи “Росселхознадзор” гуфт, ин мошин ҳудуди 8 тонна меваи хушку чормағз ва донагӣ ва беш аз 3 тонна биринҷро барои фурӯш ба шаҳри Маскав мебурд. Соли гузашта мақомоти “Росселхознадзор” дар марзи Оренбург бо Қазоқистон дастикам 3 мошин бо тақрибан 60 тонна ангури Тоҷикистонро ба қаламрави Русия роҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG