Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи беш аз 1 тонна маводи мухаддир дар Тоҷикистон


Сӯзондани маводи мухаддир дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Сӯзондани маводи мухаддир дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, тайи 4 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин кишвар 1 тоннаву 69 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 2 тонна маводи мухаддир, аксаран афюну ҳашиш ва ҳероин аз гардиши ғайриқонунӣ берун оварда шуда буд. Рӯзи 19 май дар бухории махсуси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон 1 тоннаву 516 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 125 кило ҳероин, 565 кило ҳашиш, 373 кило афюн ва 386 кило банг оташ зада шуд. Ин якуним тонна маводи мухаддир далоили шайъӣ аз 360 парвандаест, ки ҳукми додгоҳ дар қиболи онҳо алакай ба иҷро даромадааст. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – як манбаи аслии тавлиди ҳероину афюн – ҳудуди 1400 километр марзи мустақим дорад, як масири қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Русия дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG