Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як шикасти "Давлати исломӣ" дар Ироқ


Нирӯҳои Ироқ дар роҳ ба сӯи Рутба
Нирӯҳои Ироқ дар роҳ ба сӯи Рутба

Нирӯҳои Ироқ мегӯянд, рӯзи 19 май шаҳри дурафтодаи Рутба дар ғарби ин кишварро аз дасти ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) пас гирифтанд. Бино ба ин манбаъ, нирӯҳои мубориза бо террор таҳти ҳимояти ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ин шаҳри воқеъ дар 360-километрии ғарби Бағдод дар вилояти Анборро “комилан озод карданд.” Амалиёти раҳоии ин шаҳр, ки дар канори шоҳроҳи асосии ба сӯи Урдун ҷойгир шудааст, се рӯз пеш оғоз ёфта буд. Сухангӯи нирӯҳои эътилоф сарҳанг Стив Уоррен сатҳи муқовимати “Давлати исломӣ” дар Рутбаро “заиф” аст, вале нирӯҳои Ироқ ба поксозии нирӯҳои душман дар ин шаҳр идома медиҳанд. Ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар моҳи июни соли 2014 қисматҳои бузурге аз қаламравҳои Ироқу Сурияро ишғол карда, баъдан ба вилояти Анбор роҳ ёфтанд. Нирӯҳои Ироқ ҳамроҳ бо шибҳанизомиҳои қабоил моҳи гузашта шаҳри Ҳит ва моҳи феврал шаҳри Рамодиро аз дасти “Давлати исломӣ” пас гирифтанд. Фаъолияти ин гурӯҳ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тн манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG