Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Днепропетровск ба Днипро табдили ном кард


Намое аз шаҳри Днипро
Намое аз шаҳри Днипро

Парлумони Украина бо аксарияти оро исми Днепропетровск – сеюмин шаҳри бузурги ин кишварро ба Днипро иваз кард. Рӯзи 19 май аз ин қарор 297 вакили Верховни Рада пуштибонӣ карда, 97 нафар ба он раъйи мухолиф доданд. Ин шаҳр дар гузашта Катеринослав ном дошт, вале соли 1926 ба шарафи рӯди Днипр ва раҳбари вақти ҳизби коммунисти Украина Ҳриҳорий Петровский Днепропетровск ном гирифт.

Табдили исми ин шаҳри аҳолиаш беш аз 1 миллион бахше аз маъракаи декоммунизатсия аст, ки дар Украина ба роҳ андохтаанд. Бар асоси як қонуне, ки парлумони Украина моҳи майи соли 2015 қабул кард, ҳукумати коммунистии солҳои 1917-1991 ҳамчун режими ҷиноӣ маҳкум шуда, корбурди рамзҳо ва таблиғи он дар Украина манъ шудааст. Ин қонун аз ҷумла барчидани тамоми муҷассамаҳои коммунистӣ, ба истиснои ёдгориҳои бахшида ба Ҷанги бузурги ватанӣ, ва табдили номҳои бозмонда аз замони Шӯравиро тақозо мекунад.

XS
SM
MD
LG