Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти падар барои қатли писари 2-солааш


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 36-солаи ноҳияи Варзобро бо иттиҳоми ба марг расонидани фарзанди 2-солааш дастгир кардаанд. Вазорат рӯзи 19-уми май дар вебсайташ хабар дод, ки ин фард дар ҳолати мастӣ кӯдаки хурдсолашро бо дастонаш задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошта ва дар роҳ ба бемористони ноҳияи Варзоб ҷон додааст. Вазорат ному насаби ин мард ва маҳалли зисти ӯро зикр накардааст ва мегӯяд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG