Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар пайи аз экрани радарҳо ғайб задани ҳавопаймои мусофирбари ширкати “EgyptAir” дар баҳри Миёназамин идома дорад. Ҳавопаймои навъи Airbus A320, рақамаш MS804 бо 56 мусофир ва 10 узви экипаж аз Порис ба Қоҳира парвоз мекард, вале субҳи 19 май баъди ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Миср аз радарҳо ғайб зад. Бори охир ин ҳавопаймо вақте дар экран зоҳир шуд, ки болои баҳри Миёназамин парвоз мекард. Низомиҳои Миср мегӯянд, дар ҳамкорӣ бо Юнон барои пайдо кардани ин ҳавопаймо як ҳавопаймои ҷӯянда ва киштиҳоро ҷаоб кардаанд. Моҳи март як ҳавопаймои “EgyptAir”, ки аз Искандария ба Қоҳира парвоз мекард, рабуда ва иҷборан ба Қибрис бурда шуд. Рабоянда, ки танҳо дидор бо ҳамсари собиқаро талаб дошт, баъди 6 соат дастгир шуд ва ин қазия бидуни осеб анҷом ёфт. Моҳи октябри соли 2015 як ҳавопаймои Airbus A321, ки аз сӯи ширктаи русии “Metrojet” истифода мешуд, дар нимҷазираи Синай суқут кард ва ҳамаи 224 сарнишинаш кушта шуданд. Масъулияти суқути ин ҳавопайморо гурӯҳи ҷангҷӯи “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт ва гуфт, ки онро бо бомб таркондаанд.

XS
SM
MD
LG