Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 18-уми май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 75-умин солгарди Нур Табаров, адиб ва публисисти саршиноси тоҷик, маҳфили адабӣ баргузор шуд.

Дар маҳфили адабӣ, ки рӯзи 18-уми май дар толори Иттифоқи нависандагон ба муносибати 75-солагии Нур Табаров доир шуд, чеҳраҳои шинохтаи илму адаб, дӯстон ва ҳаводорони шеъру санъат ширкат карданд.

Дар ин маҳфил зикр шуд, ки фаъолияти кории Нур Табаров дар ду самт равона шуда буд. Яке сиёсат, ки роҳбарии шӯъбаи фарҳанги Ҳизби комунисти вақт, вазири фарҳанг ва вакили Шӯрои олии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва дигар фаъолияти эҷодӣ. Дар самти фаъолияти эҷодӣ Нур Табаров ҳамчун рӯзноманигор, нависанда ва драматург корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Дар ин маҳфил ҳунармандони театри драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов порчаҳо аз намоишномаҳои Табаровро пешкаши тамошобинон карданд.

Тамара Абдушукурова, санъатшинос, ки солҳои вазири фарҳанг будани Табаров ба ҳайси муовини ӯ кор мекард, аз вай ба унвони як нафари сахтгир ва ташаббускор ном бурд. Хонум Абдурашидова афзуд, “маҳз дар давраи вазирии Табаров ҷашнвораи театрии “Парасту” ва “Наврӯз” ба миён омад, ки бевосита устод дар он саҳм доранд. Баъдан ин ҷашнвора байналмилалӣ шуд ва кишварҳои ҳамсоя ҳам дар он ширкат мекунанд.”

Нур Табаров соли 1962 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин ва солҳои 70-ум мактаби олии ҳизби комунистро дар шаҳри Маскав хатм кардааст. Вай фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” шурӯъ карда, баъдан ба ҳайси хабарнигори махсуси “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон, “Навиди Бозаргон”, сармуҳаррири маҷаллаи “Помир” фаъолият кардааст. Вале муҳаққиқон авҷи фаъолияти хабарнигории Табаровро ҳангоми кор кардан дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” медонанд, ки ин рӯзномаи асосии кишварро дубора хонданӣ кардааст.

Ба гуфтаи профессор Иброҳим Усмонов, муҳаққиқи бахши хабарнигорӣ, дар 30 соли охир фаъолияти драматургии Нур Табаров бештар назаррас аст. Драмаҳои “Дар чорсу”, “Чархи гардон”, “Паёми Зардушт”, “Куруши Кабир”, “Мадитка Томарис”, ки дар саҳнаҳои театр ба намоиш гузошта шудаанд, бештар ғояҳои ватандӯстиву таърихӣ доранд. Аммо драмаи “Гирдоб”, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти Садриддин Айнӣ бахшида шудааст, ба андешаи адибон бештар ҷанбаҳои сиёсӣ дорад.

Номи Нур Табаров соли навадум дар ҳодисаҳои мавсум ба “Баҳманмоҳи хунин” дар баробари Бурӣ Каримов, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев ҳам пайванд дода мешуд. Аммо борҳо онҳо изҳор доштаанд, ки мехостанд барои рафъи буҳрони он вақт пеш омада кумак кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG