Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 узви раёсати ҲНИТ дар интизори ҳукми додгоҳ


13 нафар аъзои Раёсати олии ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ дар мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми май дар СИЗО-и рақами аввал баргузор шуд, сухани охири худро баён доштанд. Онҳо бори дигар айбномаҳо дар нисбати худро рад намуда ва аз додгоҳ хоҳиш кардаанд, ки дар нисбати онҳо мунсифона ҳукм намояд.

Яке аз вакилони дифои айбдоршавандаҳои ҲНИТ рӯзи 19 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи гузашта ба дунболи ироаи гузориши вакилони мудофеъ, зерҳимояҳои онҳо сухани охири худро баён доштанд. Ба гуфтаи ин вакили дифоъ, Додгоҳи олӣ барои гузориши вакилони дифоъ ва сухани охири айбдоршавандаҳо се рӯз муҳлат дода буд ва айбдоршавандаҳо зимни сухани охирини худ хеле кӯтоҳ суҳбат карданд. Тавре вакилони мудофеъ мегӯянд, бо ҳамин додгоҳ вориди хонаи машваратӣ шуд ва шояд рӯзҳои наздик Додгоҳи олӣ ҳукми худро дар нисбати 13 узви раёсати ҲНИТ эълон намояд.

Дар мурофиаи рӯзи 11-уми май намояндаи додситонӣ ё айбдкоркунандаи давлатӣ дар додгоҳи аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ тақозо кардааст, ки панҷ узви аршади ин ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шаванд. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳангоми суханронияш дар мурофиаи рӯзи 11 май гуфта буд, ки гуноҳҳои Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷаб исботи худро ёфтаанд ва аз додрас мехоҳад, онҳоро ба ҳабси абад маҳкум намояд.

Инчунин, аз додрас хоста шудааст, то Ҳикматулло Сайфуллозода ва Зубайдуллоҳи Розиқ 30-солӣ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 29 сол, Саттор Каримов 28 сол, Саъдиддини Рустам 24 сол, Воҳидхон Қосиддинов 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов 16-солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд. Додситон тақозо кардааст, ки Зарафо Раҳмонӣ, ҳуқуқшиноси ҳизб ва танҳо зан дар миёни айбдоршавандаҳо ба 8 соли зиндон маҳкум бишавад.

Алайҳи ҳар кадоми онҳо аз ду то 15 иттиҳом эълон шудааст. Як иттиҳоми асосӣ ба зидди ин аъзои баландпояи ҲНИТ ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Назарзода мебошад. Худи аъзои ҳизби ҳамакнун фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ, ин иттиҳомотро рад мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи ин 13 узви раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро рӯзи 9 феврал оғоз карда буд.

XS
SM
MD
LG