Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси 7 узбак барои рабудани муҷассама


Додгоҳи Никулини шаҳри Маскав 7 шаҳванди Узбакистон ба иттиҳоми рабудани муҷассамаи Евгений Леонов, ҳунарпешаи маъруфи театр ва кинои Русия, равонаи зиндон кардааст.

Тибқи маълумоти дафтари матуботи Додситонии кулли Русия, додгоҳ аз ин ҷумла, 6 нафарро ба дую ним сол ва нафари ҳафтумро ба 2 солу 5 моҳи ҳабс дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

Ин муҷассамаи Евгений Леонов аз филми маъруфи "Ҷентелменҳои муваффақ" дар кӯчаи Мосфилми Маскав гузошта шуда буд, ки дар моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби шаҳрвандони узбак рабуда шуд.

Дар пайи амалиёти фаврии ниҳодҳои интизомии шаҳри Маскав муҷассама пайдо ва дуздҳо боздошт шуданд. Дар ин муддат ин афрод муҷассамаро қисмат карда ва бахше аз онро ба маблағи 39 ҳазор рубли русӣ фурӯхтаанд.

Дар соли 2001 дар хиёбони ситораҳои синамо дар шаҳри Маскав ба ифтихори Евгений Леонов, ҳунарпешаи маъруфи театр ва кинои Русия, муҷассама ифтитоҳ шуда буд. Муҷассамаи “Дотсент” дар филми “Ҷентелменҳои муваффақ” буд, нақши онро Евгений Леонов бо маҳорати хос иҷро карда буд.

Филми “Ҷентелменҳои муваффақ” дар соли 1971 наворбардорӣ шуда ва ин филмро беш аз 65 миллион нафар тамошо кардаанд.

XS
SM
MD
LG