Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бегоҳи 18 май дар Душанбе бозии дуҷонибаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Сармураббии нави мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов бо мақсади шиносоӣ бозигарони дастаро 18 май дар Душанбе ҷамъ овард. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бегоҳи чоршанбе тими миллӣ ба ду ҳайат тақсим шуда, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дуҷониба анҷом дод.

Бозии дуҷониба миёни ду ҳайат -“сафедҳо” ва “сурхҳо” – сурат гирифт. Бозӣ, ки аз ду қисми 35-дақиқаӣ иборат буд, бо пирӯзии “сафедҳо” бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Вале дар ин бозӣ бархе аз бозигарони мунтахаби кишвар, ба монанди Фарҳод Тоҳиров, Давронҷон Эргашев, Ҷаҳонгир Алиев ва дигарон ба иллати латхӯрӣ ширкат накарданд.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 2-юм ва 7-уми июн мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои плей-оффро барои роҳ ёфтан ба сабқати гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Бангладеш анҷом медиҳад. Бозии аввал 2-юми июн дар Душанбе, бозии ҷавобӣ 7-уми июн дар Дакка барпо мегарданд.

Бозии дуҷониба:

Тоҷикистон (сафедҳо) – Тоҷикистон (сурхҳо) – 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 61 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 65 (2:0). Эҳсони Панҷшанбе, 68 (2:1).

Тоҷикистон (сафедҳо): Алишер Додов, Дороб Эргашев, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвиз Қашқаров, Нуриддин Давронов (Фаридун Шарифов, 36), Аҳтам Ҳамроқулов, Манучеҳр Ҷалилов.

Тоҷикистон (сурхҳо): Қурбоналӣ Бобоев (Фатҳулло Бобоев, 36), Далерҷон Тухтасунов (Манучеҳр Аҳмадов, 36), Табрези Давлатмир, Идибек Ҳабибуллоев, Ҳасан Рустамов, Мӯҳсинҷон Парпиев (Худойдод Узоқов, 36), Иброҳим Рабимов, Амирбек Ҷӯрабоев, Умедҷон Шарифов, Ромиш Ҷалилов, Комил Саидов (Эҳсони Панҷшанбе, 36).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG