Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймои Озарбойҷон дар Афғонистон суқут кард


Дар Афғонистон ҳавопаймои борбари Озарбойҷон суқут карда ва 7 сарнишини он ҳалок ва ду нафари дигар шадидан захмӣ шудаанд.

Ҳавопаймои борбари АН-12-и ширкати ҳавоии Silk Way-и Озарбойҷон ба ҳангоми парвоз дар фурудгоҳи Двайер ба садама дучор шудааст. Ба ҳангоми фалокат дар дохили ҳавопаймо 3 шаҳрванди Украина, 5 шаҳрванди Озарбойҷон ва як шаҳрванди Узбакистон қарор доштаанд.

Комиссияи вижае барои бозрасии суқути ҳавопаймо ба маҳали ҳодиса рафтааст.



XS
SM
MD
LG