Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони ду сокини Тоҷикистон дар Русия


Додгоҳи шаҳри Дмитровскийи вилояти Маскав Насим Сатторов ва Баҳриддин Мирзоалиев - ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми фурӯши 2,5 кило ҳероин ба 7 сол зиндон маҳкум кардааст. Бино ба иттилои додгоҳи вилояти Маскав, собит шудааст, ки ин ду нафар бо шарикони худ дар шаҳри Дмитровский ва ноҳияҳои дигари вилояти Маскав ба миқдори зиёд ҳероинро ба фурӯш расондаанд.

21 январи соли ҷорӣ Насим Сатторов ва Баҳриддин Мирзоалиев аз ҷониби кормандони Хадамоти федероли назорат бар маводи мухаддири Русия боздошт ва аз назди онҳо 2,5 кило ҳероин мусодира шудааст. Муҷримон муддати ҷазоро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ хоҳанд кард.

Зимнан, дар моҳи апрели соли ҷорӣ бо айбномаи мушобеҳ ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон Сайфиддин Бобоев ва Муҳибулло Қурбонов мутаносибан ба 16 ва 15 сол зиндон маҳкум шуда буданд. Гуфта мешавад, ин афрод дар ду борхалта 42 кило ҳероинро ба шаҳри Маскав интиқол дода ва қасди фурӯши онро доштаанд.

XS
SM
MD
LG