Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

98 чинӣ чи гуна соҳиби шиносномаи қирғизӣ шуданд?


Порлумони Қирғизистон тафтиши чи гуна ба дасти тақрибан 100 сокини вилояти Уйғури Чин афтодани шиносномаҳои ин кишварро оғоз кардааст. Ин афрод дар Туркия ба даст афтодаанд.

Мақомоти Туркия 98 шаҳрванди Чинро бо шиносномаҳои Қирғизистон дар Истанбул боздошт кардаанд. Онҳо рӯзи 18 май гуфтанд, ки ин афрод сокинони вилояти Уйғури Чин буда, қасди рафтан ба Арабистони Саудиро доштаанд.

Дар ҳоле ки расидагӣ ба ин шиносномаҳо идома дорад, Хадамоти давлатии сабтиноми шаҳрвандони Қирғизистон гуфтааст, онҳо бовар доранд, ин шиносномаҳо сохта ё ҷаълӣ мебошанд. Тоирбек Сарпашев, раиси ин хадамот, бо роҳҳои дипломатӣ аз ҷониби Туркия хостааст, ки шумора ва серияи ин шиносномаҳоро ба онҳо фиристанд.

Ин хадамот мегӯяд, ки ин миқдор шиносномаро ҳеч гоҳ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва бахусус ба сокинони вилояти мухтори Уйғури Чин надодааст. Порлумони Қирғизистон масъалаи боздошти шаҳрвандони Чин бо шиносномаҳои қирғизиро баррасӣ кардааст ва интизори натиҷаҳои тафтишот аст.

Дар мусоҳибае аз Алманбет Шикмаматов, намояндаи порлумони Қирғизистон ва вазири пешини адлияи он кишвар пурсидем, оё маълум шудааст, ки шаҳрвандони Чин аз чӣ тариқ соҳиби шиносномаҳои қирғизӣ шудаанд?

Шикмаматов: “Имрӯз ниҳоди давлатии салоҳиятдори Қирғизистон оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳо ва ҳуҷҷатгузории аҳолӣ хабар дод, ки ин шиносномаҳо сохта мебошанд ва онҳоро шояд дар ҷое бо усули дастӣ омода кардаанд. Ин шиносномаҳо бо шиносномаҳои воқеии Қирғизистон умумияте надоранд. Вале мо дар порлумон ба ин ниҳоди давлатӣ суолҳои зиёд доштем. Барои ҳамин, намояндаи Хадамоти давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва масъулони таҳияи асноди шаҳрвандиро ба иҷлоси порлумон даъват кардем. Мо мехоҳем аз онҳо бо тамоми ҷиддият бипурсем, зеро мумкин аст бо гуноҳи баъзе аз кормандони ҳукуматӣ ин пешомадҳо рух дода бошад. Онҳо иддао мекунанд, ки ин шиносномаҳо ҷаълӣ мебошанд. Вале мо метавонем комиссия ташкил диҳем.”

Озодӣ: Ба ҷуз аз бозпурсиҳо дар порлумон ягон ниҳоди дигар ба тафтиши ин қазия машғул ҳаст?

Шикмаматов: “Хадамоти давлатии амнияти миллӣ корро шуруъ кардааст. Вале мо ҳам баррасии порлумониро идома медиҳем ва ин масъаларо дар назорати ҷомеа мегузорем. Чаро мо ба порлумон онҳоро даъват кардем? Барои он ки назорати он дар ихтиёри ҷомеа бошад, то Хадамоти давлатии амнияти миллӣ ва ниҳодҳои дигари тафтишотӣ масъулиятро бештар эҳсос кунанд.”

Озодӣ: Порлумон ба чӣ хулоса расид, то аз ин гуна мавридҳо дар оянда пешгирӣ карда шавад?

Шикмаматов: “Мо ҳоло мавзеъгирии яксон надорем, чунки сабабҳои ин масъала ошкор нашудааст. Агар касе ё кишваре ба сохтани шиносномаҳои ҷаълӣ даст зада бошад, бояд ба ниҳодҳои амниятии байналмилалӣ, аз ҷумла ба пулиси байналмилалӣ ё Интерпол муроҷиат кунем, то ошкор карда шавад, ки масалан, таҷҳизоти дуруст кардани чунин шиносномаҳои ҷаълӣ дар куҷост? Шояд дар Чин бошад, шояд дар Туркия ва ё дар худи Қирғизистон? Агар шиносномаҳо ҷаълӣ бошад, таҷҳизоти он ҳатман дар қаламрави ягон кишвар гузошта шудааст. Барои ҳамин, ҷои он бояд ошкор ва барои нобудии он мо бояд ҳамаи тадбирҳои заруриро биандешем.”

Озодӣ: Вале агар таъйид шавад, ки ин шиносномаҳо ҷаълӣ не, балки шиносномаҳои воқеии Қирғизистон ҳастанд, дар он сурат Қирғизистон чӣ кор хоҳад кард?

Шикмаматов: “Дар он сурат парвандаи ҷиноӣ бар зидди касе боз мешавад, ки даст ба ин кор задааст. Ин ҳодисаи ҷиддӣ хоҳад буд. Дар он сурат ҳатто масъалаи иваз кардани шиносномаҳои кунунии қирғизӣ матраҳ хоҳад шуд. Ба ҳар ҳол, ҳоло бар ин ақидаем, ки ин шиносномаҳои сохта аст. Ба ин тартиб шиносномаи ҳар кишварро сохтан мумкин аст. Пас, ҳамаи унсурҳои шиносномаи мо қавӣ нест ва ба осонӣ онро сохтан мумкин аст. Унсурҳои ҳифозатии он шояд заиф аст. Ҷинояткороне, ки мехоҳанд шиноснома созанд, медонанд, ки кадом шиносномаҳоро ба осонӣ таҳия кардан мумкин аст.”

Озодӣ: Фикр намекунед, ки баъд аз ин гуна мавридҳои боздошти шиносномаҳои қирғизӣ эътимоди кишварҳои хориҷӣ, ба вижа кишварҳои аврупоӣ, ба соҳибони шиносномаҳои қирғизӣ камтар хоҳад шуд?

Шикмаматов: “Албатта, дар ҳар ҳолат ин сабаби поин рафтани эътибори кишвари мо мешавад. Барои шаҳрвандони кишвари мо дар кишварҳои дигар нороҳатӣ пеш меорад. Мо дар хориҷа қариб як миллион шаҳрванд дорем.”

XS
SM
MD
LG