Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Санкт-Петербург гуфтааст, ки дар ҷараёни бозрасии қазияи марги Умаралӣ Назаров, кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик, камбудҳои зиёд ошкор шудааст.

Ба навиштаи рӯзномаи "Новая газета", Додгоҳи ноҳияи Неваи Санкт-Петербург дар фаъолияти бозрасони қазияи марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа камбудиҳои зиёдро ошкор кардааст. Додгоҳ мақомоти масъулро муваззаф кардааст, то ин камбудиҳоро ислоҳ кунанд.

Тибқи қарори додгоҳ, дар рӯзҳои наздик бояд ҳамаи санадҳои тиббӣ бо шумули хулосаи додгоҳию тиббӣ дар ихтиёри падару модари кӯдак Заррина Юнусоваю Рустам Назаров ва вакили мудофеъи онҳо гузошта шавад. Ин афрод аз моҳи октябри соли гузашта то ба ҳол ин ҳуҷҷатҳоро надидаанд. Ҳамчунин, гурӯҳи бозрасон вазифадор шудаанд, бар асоси тақозои ҷониби ҷабрдида барои мушаххас кардани сабаби марги кӯдак ташхиси дубораи додгоҳию тиббӣ гузаронад.

Дар қарори додгоҳ таъкид шудааст, ки бозраси шӯъбаи ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербург Александр Ожиганов ва раҳбарони ӯ дар муддати 7 моҳи марги Умаралӣ Назаров ба оилаи ҷабрдида ва вакилони мудофеъ дар бораи тамдиди муддати бозрасӣ, таъини ташхису хулосаҳои он ва дар мавриди радди дархости ташхиси мустақили додгоҳию тиббӣ маълумоте надодаанд. Ҷабрдидаҳо бо маводи парвандаи ошно нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Олга Тсейтлина, вакили мудофеъ ба рӯзномаи "Новая газета" гуфтааст, ки ба тағйироти куллӣ дар раванди бозрасии ин парванда умед намебандад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҷасади Умаралӣ Назарови 5-моҳа ба хок супорида шуда ва имкони ташхиси дубора душвор хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, хулосаи расмии марги кӯдак аз вирусро рад кардан кори мушкил аст. Хонуми Тсейтлина гуфтааст, вакилони мудофеъи Умаралӣ Назаров қасд доранд ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят баранд.

Зарина Юнусова, модари Умаралӣ, шаби 13 ба 14 октябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯи маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт шуд. Ҳамон шаб кӯдаки панҷмоҳааш Умаралиро аз Зарина ҷудо карданд ва ин тифл рӯзе баъд дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Акси Умаралӣ Назарови 5-моҳа

Акси Умаралӣ Назарови 5-моҳа

Дар хулосаи тиббию додгоҳӣ гуфта шудааст, ки вируси тситомегалӣ, ки ба узвҳои муҳим, ба мисли узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, меъда, талхадон, рӯдаю мағзи сар осеб мерасонад, боис ба марги нобаҳангоми ин кӯдак шудааст. Вале табибони мустақил ин хулосаро зери шубҳа мегузоранд, зеро ин гуна таҳаввулот ба гуфтаи онҳо дар бадани кӯдак на якбора, балки бояд дар як муддати тӯлонӣ ба мушоҳида мерасид.

Марги мармузи ин кӯдак якҷоя бо ҳукми ихроҷи модараш Зарина Юнусова аз қаламрави Русия мавҷи эътирозҳову маҳкумиятҳоро дар Тоҷикистону Русия ва хориҷ аз он ба бор овард. Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳарду кишвар, бо шумули раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду маҷлиси парлумони ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вакили Шӯрои Федеросиюн Елена Мизулина, як гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург ва даҳҳо тан аз намояндагони шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии ҳарду кишвар изҳори назар кардаанд.

Аммо бо гузашти қариб ним сол аз ин ҳодиса ҳанӯз ҳеҷ касе бо ҷурми марги Умаралӣ Назаров ба ҷавобгарӣ кашонда нашудааст. Модари ӯ Зарина дар хонаи волидонаш дар Оби Гарми Тоҷикистон ба сар мебарад ва падараш Рустам Назаров ҳанӯз дар Русия аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG