Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расидагӣ ба шиносномаҳои қирғизӣ оғоз шудааст


Дар Истамбули Туркия 98 нафар шаҳрвандони Чин бо шиносномаҳои Қирғизистон боздошт шудаанд. Онҳо ҳама сокинони вилояти мухтори Уйғур мебошанд, ки мехостаанд бо ин шиносномаҳо ба Арабистони Саъудӣ бираванд.

Дар ҳоле ки расидагӣ ба ин шиносномаҳо идома дорад, Хадамоти давлатии сабти номи шаҳрвандони Қирғизистон гуфтааст, онҳо бовар доранд, ки ин шиносномаҳо сохта ё ҷаълӣ мебошанд.

Тайирбек Сарпашев-раиси ин хадамот аз роҳҳои дипломатӣ аз ҷониби Туркия хостааст, ки шумора ва серияи ин шиносномаҳоро ба онҳо фиристанд, то онҳо дар Қирғизистон тафтиш кунанд, ки оё бо ин шумораҳо ба касе шиноснома дода шудааст ё хайр.

Ин хадамот мегӯяд, ки ба ин миқдор шиноснома ҳеҷ гоҳ ба шаҳрвандони хориҷӣ, ба хусус ба сокинони вилояти мухтори Уйғури Чин надодааст.

Порламони Қирғизистон масъалаи боздошти шаҳрвандони Чин бо шиносномаҳои қирғизиро баррасӣ кардааст ва интизори натиҷаҳои тафтишот аст.

XS
SM
MD
LG