Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи расмӣ дар бораи раҳбари муваққати "Тоҷиксодиротбонк"


Тоҷиддин Пирзода
Тоҷиддин Пирзода

Бонки миллӣ мегӯяд, кори раҳбарияти муваққатӣ дар "Тоҷиксодиротбонк" то 3 моҳ идома карда, ин гуруҳ муваззаф шудааст, ки барои беҳтар намудани вазъи молии ин бонк чора биандешад.

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли ҷорӣ таъини раҳбари муваққатӣ дар "Тоҷиксодиротбонк"-ро шарҳ дод. Мақомоти Бонки миллӣ мегӯянд, ки фаъолияти раҳбари муваққатӣ ва ҳамроҳонаш барои беҳтар кардани вазъи "Тоҷиксодиротбонк" то се моҳ идома хоҳад кард.

Бар асоси хабари дафтари матбуоти Бонки миллӣ, "ин тасмим тибқи моддаҳои 48, 49 ва 50-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва бо мақсади... ҳимояи манфиатҳои соҳибони пасандозҳо ва қарздеҳони гирифта шудааст." Бонки миллӣ мегӯяд, ки маъмурияти нав аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ташкил шудаанд. Аммо аз нафари мушаххасе дар ин замина ном бурда нашудааст.

Бонки миллӣ ба маъмурияти муваққатӣ дастур додааст, ки "фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда", барои беҳтар кардани вазъи молиявии "Тоҷиксодиротбонк" чораҳои зарурӣ андешанд.

Рӯзи 18 май манобеи Озодӣ хабар доданд, ки Бонки миллии Тоҷикистон як гурӯҳро барои мудирияти муваққатии "Тоҷиксодиротбонк" таъин кардааст, ки дар ҳоли ҳозир гирифтори мушкили молист. Ба иттилои манобеъ, ​Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари ин гурӯҳ, ба ҷои Тоҷиддин Пирзода (Пиров), ба таври муваққат раҳбарии "Тоҷиксодиротбонк"-ро бар ӯҳда хоҳад дошт. Мирҳаёт Ёқубов қаблан дар бонки давлатии "Амонатбонк" кор карда, ба тозагӣ муовини раиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ таъин шуда буд.

Як манбаъ дар "Тоҷиксодиротбонк" гуфт, ки субҳи 18 май намояндагони Бонки миллӣ Мирҳаёт Ёқубовро ба онҳо муаррифӣ кардаанд ва ӯ алакай бо ҷараёни кор дар ин бонк ошно мешавад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, инчунин, шаш муовини Тоҷиддин Пирзода муваққатан аз мақомҳояшон канор рафтаанд.

Тоҷиддин Пирзода аз соли 2007 узви Шӯрои нозирон ва аз соли 2012 раҳбари "Тоҷиксодиротбонк" аст.

“Тоҷиксодиротбонк” дар ҳоли ҳозир, баъди “Агроинвестбонк” дувумин бонки бузурги Тоҷикистон ба шумор меояд ва аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағҳояш дар раддабандии бонкҳои бузургтарини ин кишвар аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” ва “Эсхата” болотар меистад.

Бино ба ҳисоботи молиявии бонк, сармояи умумии “Тоҷиксодиротбонк” дар поёни моҳи июни соли гузашта, 557 миллион сомонӣ ва ҷамъи дороиҳояш 3,7 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии амонатҳо 1,6 миллиард сомониро ташкил медод. Фоидаи софи бонк дар моҳи июни соли 2015 дар ин ҳисобот чизе бештар аз 6 миллион сомонӣ нишон дода шудааст, ки назар ба 20 миллиони соли 2014 беш аз 3 маротиба камтар аст.

Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ин бонк пардохтпазириашро аз даст дод ва шумораи муштариёнаш дар паси бинои асоси бонк, ки барои гирифтани пасандозҳо ва ё маошашон омада буданд, рӯз ба рӯ меафзуд.

Аввали моҳи март лимити гирифтани пулро аз бонкоматҳо дар як рӯз “Тоҷиксодиротбонк” то 200 сомонӣ поин бурд. Бонк эълон кард, ки аз 10 то 25­ март аз як низоми пардохт ба дигар мегузарад ва пул гирифтан аз қартаҳои бонкиаш имконнопазир хоҳад буд. Дертар ин бонк аксари кулли кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод.

XS
SM
MD
LG