Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҷанг"-и Поветкин бо Вилдер лағв шуд


Поветкин бо Кличко, акс аз бойгонӣ

Поветкин бо Кличко, акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи бокси ҷаҳонӣ барои унвони қаҳҳрамонии ҷаҳон байни сангинвазнҳо Александр Поветкин-муштзани рус ва Деонтей Вилдер -муштзани ояндадор, ки барои 21 май дар Маскав барномарезӣ шуда буд, лағв гардидааст.

Шӯрои Бокси Ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта баъд аз омӯзиши ҳолати допинг дар бадани Поветкин ба хулоса расидааст, ки вай доруҳои ғайримуҷози ниризо истеъмол кардааст. Аммо раҳбарони Поветкин эълон кардаанд, ки барои бекор кардани ин тасмими Шӯрои Бокси Ҷаҳонӣ мубориза мебаранд.

17 май Вилдер ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, ки вай ҳанӯз ҳам мехоҳад бо Поветкин “биҷангад”.

Деонтей Вилдер муштзани амрикоист ва гуфт, хуб нест, ки “бо дасти холӣ баргардад. Ҳаводорони зиёд мусобиқаҳои бузургро ёд кардаанд”.

XS
SM
MD
LG