Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷейк Сулливан-мушовири аршади Ҳилларӣ Клинтон-яке аз довталабони номзадӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Демократи Амрико Доналд Трампро муттаҳам кард, ки ба президент Владимир Путин ва баъзе “шахсиятҳои қаввии хориҷӣ” “эҳсоси хушбинӣ” дорад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки 17 май дар райгириҳои ҳизбӣ хонум Клинтон бо бартарии камтар дар аёлати Кентакӣ баранда шуд ва ба ин тартиб пойгаи номзадии демократҳоро ба нафъи худ баргардонд.

Ин суханони мушовири Ҳилларӣ Клинтон дар посух ба изҳороти Трамп дар мавриди музокира бо Ким Ҷон Ун-диктатори Кореяи Шимолӣ садо дод, ки Трамп мехоҳад барои боздоштани ин кишвар аз такмили аслиҳаи ҳастӣ бо вай музокира кунад. Трамп ин нуктаро дар мусоҳиба бо хабаргузории Ройтерз изҳор доштааст.

Сулливан гуфт, “биёед ошкор бигӯем, Доналд Трамп раҳбари кишвари наздик ва ҳампаймони мо Девид Камеронро таҳқир мекунад ва мегӯяд, ки вай дӯст дорад, ки бо Ким Ҷон Ун ба музокира нишинад”.

Сулливан афзуд, Трамп бо шахсони чун Путин ва Ким эҳсоси хушбинӣ дорад. Чунин бархурди вай дар сиёсати хориҷӣ маъно надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG