Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

18 май Покистон мизбонии даври нави музокироти миёни чаҳор кишварро барои аз сар гирифтани музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон бо Толибон бар уҳда дорад.

Вазорати корҳои хориҷаи Покистон таъйид кард, ки ин музокирот дар Исломобод баргузор мешавад, вале дар бораи ҷузъиёти он тавзеҳоти бештар надод.

Умар Захивол-сафири Афғонистон дар Покистон ба бахши Афғонистони Озоди Радиои Озодӣ гуфт, ки вай дар ин музокирот аз ҷониби ҳукумати кишвараш намояндагӣ мекунад.

Дар ин музокирот намояндагони Афғонистону Покистон ва Чину Амрико ширкат мекунанд. Ин чаҳор кишвар аз моҳи январ ба ин сӯ талош доранд ҳайати музокираи Толибонро бар сари мизи музокироти мустақим ва рӯ ба рӯ оранд.

Баъд аз даври чаҳоруми музокирот дар охири моҳи феврал дипломатҳо гуфтанд, “интизор меравад, ки музокироти мустақим”-и миёни Кобул ва Толибон дар аввалҳои моҳи март баргузор шавад.

Вале пешрафт дар ин музокирот ҳосил нашуд ва Толибон ҳамлаҳои баҳории худро бар зидди нируҳои ҳукуматӣ оғоз карданд.

XS
SM
MD
LG