Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақси тоҷикӣ тамошобинонро дар Русия тасхир кард


Рақси мардона дар иҷрои донишҷӯёни тоҷик
Рақси мардона дар иҷрои донишҷӯёни тоҷик

Донишҷёни тоҷик аз мактабҳои олии вилояти Нижний Новгороди Русия дар як гала-консерти байналмилалӣ бо номи “Мо гуногунем, вале якҷоем”, намунаҳои фарҳангу ҳунари тоҷикиро намоиш доданд. Дар Анҷумани халқҳои форсизабон, як созмони фарҳангиву таҳқиқотии марказаш дар Нижний Новгород ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин консерт донишҷӯёни хориҷии донишгоҳҳои ин вилоят асосан бо рақсу таронаҳои миллии худ ҳунарнамоӣ кардаанд. Дар гала-консерте, ки рӯзи 12 май дар толори донишгоҳи сохтмону меъморӣ доир шуд, толибилмони тоҷик аз донишгоҳи муҳандисиву иқтисодии Нижний Новгород Бобоҷон Расулов, Дилшод Гулов, Саломат Неъмонов , Нарзулло Илҳомиддинов, Сорбон Абдуҷабборов ва Наврӯз Азимов рақси мардонаи тоҷикиро иҷро кардаанд.

Фарзона Қӯзиева, толибилми тоҷики донишгоҳи фаннии ба номи Р. Алексеев дар ин ҷашнвора бо рақси тоҷикӣ табъи тамошобинонро шод гардондааст. Ҳамчунин Борон Қурбонова, Ворис Мирзоев ва Хайриддин Ибронов аз донишгоҳи фаннии Нижний Новгород дар ҷашнвораи “Мо гуногунем, вале якҷоем”, барномаеро бо номи “Ҷашнвораи байнидонишгоҳии Наврӯз” ба аҳли толор пешниҳод кардаанд. Дафтари матбуоти анҷумани халқҳои форсизабон мегӯяд, донишҷӯёни тоҷик барои рақсҳои миллии худ сазовори ҷоизаҳои ҷашнвора шуданд.

XS
SM
MD
LG