Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Русия қатъи саркӯби тоторҳои Қримро хост


18 май - Рӯзи ёдбуди қурбониёни бадарғаи тоторҳои Қрим аст. Дар ин рӯз дар соли 1944 аз ин нимҷазира нахустин қатори ҳомили тоторҳои Қрим ба Осиёи Марказӣ фиристода шуд. Он замон дар маҷмуъ бештар аз 180 ҳазор тотор бадарға шуда буд.

Ҳамасола дар Қрим бахшида ба солгарди Рӯзи бадарға чаробиниҳои оммавӣ баргузор мешуданд. Аммо баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014 баргузории чунин чорабиниҳоро дар маркази Симферопол манъ карданд.

Дар робита ба ин роҳбари Раёсати Олии комиссари СММ дар умури ҳуқуқи инсон Руперт Колвилл аз Русия даъват кард, ки ба сиёсати фишор ва саркӯбгароёнааш дар нимҷазира хотима диҳад.

Вай аз қарори додгоҳ дар мавриди манъи фаъолияти Маҷлис дар Қрим ва айбдор кардани ин Маҷлис ба "тундгароӣ" изҳори нигаронӣ кард. Колвилл ҳамчунин гуфт, аз тафтиш, бозҷӯӣ, ҳабс, манъ ва маҳдуд кардани фаъолияти чанде аз расонаҳо дар Қрим нигарон аст.

XS
SM
MD
LG