Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даври навбатии гуфтушуниди байналмилалӣ барои қатъи даргириҳо дар Сурия ин бор низ дар шаҳри Вена бидуни ҳалли масъалаи "давраи гузариши сиёсӣ" дар ин кишвар анҷом ёфт.

Ҷон Керрӣ, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, дар ин гуфтушунид дар мавриди масъалаҳое созиш кардаанд, ки ба барқарории сулҳ дар Сурия рабт надорад. Бинобар ин, ба назари Ҷон Керрӣ, шароит барои тағйироти сиёсӣ дар ин кишвар бояд на дертар аз 1 август фароҳам шавад.

Дар мавриди санаи дақиқи баргузории даври музокироти баъдӣ ҷонибҳо ба созиш нарасидаанд.

Башор Асад, ки аз пуштибонии Русия бархурдор аст, то ҳол аз омодагияш барои рафтан аз қудрат хабар намедиҳад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар конфронс гуфт, ки кишвараш на ба ҷонибдорӣ аз президенти кунунии Сурия, балки зидди терроризм баромад мекунад.

Намояндагони Русия, ИМА, Аврупо ва кишварҳои Ховари Миёна азмашонро барои анҷоми ҳама гуна корҳои зарурие, ки ба қатъи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Башор Асад ва мухолифони муътадил кумак мекунад, изҳор намудаанд.

XS
SM
MD
LG