Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар фурудгоҳи шаҳри Истанбули Туркия 98 шаҳрванди уйғуртабори Чин боздошт шудаанд, ки ба қавли мақомот бо шиносномаи тақаллубии Қирғизистон қасди сафар ба Арабистони Саудиро доштаанд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои Туркия, ин афрод аз шаҳри Урумчӣ вориди ин кишвар шудаанд. Ба навиштаи рӯзномаи Нurriyet ҳар шаҳрванди Чин барои дарёфти шиносномаи Қирғизистон 2,5 ҳазор доллар ва барои харидории билет 300 доллар пардохт кардааст.

Расонаҳои Туркия хабар додаанд, ки пас аз бозрасии расмӣ 98 шаҳрванди Чин аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG