Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи Тоҷикистон ба $2,2 миллиард наздик мешавад


Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 апрели соли ҷорӣ ба 2 миллиарду 187 миллион доллар расидааст. Аз ин маблағ 1 миллиарду 980 миллион долларашро бевосита қарзҳои ҳукумати Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Беш аз 1 миллиард доллар аз ин қарзҳоро Душанбе аз Чин, ки дар солҳои охир ба як ҳамкори умдаи иқтисодии Тоҷикистон табдил меёбад, дарёфт кардааст. Бино ба омори вазорати молия, қарзи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 5 миллион доллар афзудааст, вале боз ҳам баробари тақрибан 27 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвари пасошӯравии Осиёи Марказист.

XS
SM
MD
LG