Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи казакҳо ба раҳбари мухолифини Русия


Алексей Навалний

Алексей Навалний

Як гурӯҳи казакҳои Русия рӯзи 17 май дар фурудгоҳи шаҳри Анапа дар канори баҳри Сиёҳ ба раҳбари мухолифин Алексей Навалний ва 5 узви Сандуқи зидди фасоди ӯ ҳамла кардаанд. Навалний гуфт, чанд казак онҳоро бо мушту лагат латукӯб кардаанд. Навалний дар Твиттер навишт, ки дар байни латукӯбшудаҳо занон ҳам буданд. Бархе фаъолон дар ин ҳамла ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд, вале хабарнигори телевизиони “Дожд” Артём Торчинский аз ноҳияи сараш маҷрӯҳ шуда, ба бемористон интиқол дода шудааст. Торчинский гуфт, казакҳо ба онҳо бидуни кадом далел ҳамла кардаанд. Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний гуфт, ӯ ҳамроҳ бо 30 коргари Сандуқи зидди фасод ва аҳли хонаводаҳои онҳо барои анҷоми тамрини корӣ ба Анапа рафта буданд. Ӯ гуфт, казакҳо ибтидо ба рӯи фаъолон шир пошида, қабл аз ҳамла талаб кардаанд, ки “Тарки сарзамини мо кунед.” Навалний ва созмони ӯ бо ифшои қазияҳои пурсарусадои дар фасод даст доштани мансабдорони баландпояи Русия ном баровардаанд.

XS
SM
MD
LG