Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамола: Пирӯзии ман пирӯзии мусиқӣ буд, на сиёсӣ


Ҷамола - барандаи озмуни “Eurovision 2016” аз Украина гуфт, интиқодҳо дар бораи гӯё ба далели сиёсӣ ғолиб омадани таронаи “1944”-и ӯ дар ин озмуни мусиқии Аврупоро қабул надорад. Ҷамола, ки рӯзи 17 май дар Киев бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, пирӯзии ӯ “мутлақо, 100 дарсад пирӯзии мусиқӣ” буд. Мақомоти Русия аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дигар шиква мекунанд, ки таронаи Ҷамола таронаи бармало сиёсист ва тибқи қоидаҳои “Eurovision”, ки иҷрои таронаҳои сиёсиро манъ мекунад, бояд ба ин сабқат роҳ дода намешуд. Ҷамолаи 32-сола, ки аз тоторҳои Қрим аст, дар таронаи “1944” чигуна дар соли 1944 аз сӯи режими Иосиф Сталин саросар бадарға шудани ин қавмро қисса мекунад. Ҷамола шоми 14 май дар даври ниҳоии “Eurovision” дар Стокҳолм бо касби 534 имтиёз ҷои аввалро гирифт. Вилояти Қрим соли 2014 аз сӯи Русия тасарруф шуд. Тоторҳо, ки 15 дарсад аз 2 миллион аҳолии Қримро ташкил медиҳанд, аксаран мухолифи тасарруфи зодгоҳашон аз сӯи Русияанд

XS
SM
MD
LG