Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасмими Ҳизби коммунист барои ширкат дар раъйпурсӣ


Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси ҲКТ

Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси ҲКТ

Раёсати олии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ин ҳизб дар райъпурсии 22 май барои ислоҳи Қонуни асосӣ иштирок хоҳад кард. Исмоил Талбаков, муовини аввали раҳбари ҳизби коммунист, рӯзи 17 май ба Озодӣ гуфт, “ба тамоми аъзои ҳизб низ муроҷиатнома қабул гардид, ки дар ин маъракаи тақдирсоз ширкати фаъол дошта бошанд.”

Ба таъкиди Талбаков, раёсати олии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ин назар буд, ки ҳар узви ҳизб дар ин марҳила бояд аз ҳаққи қонунии худ истифода намояд. Зимнан, Ҳизби коммунист дар ҳудуди 37 ҳазор узв дорад. Ин дар ҳолест, ки то интихоботи порлумонии соли 2015 теъдоди аъзои ин ҳизб ба 45 ҳазор нафар мерасид.

Коммунистон дар гузашта аз ҳизбҳои порлумонӣ маҳсуб меёфтанд, аммо дар интихоботи порлумонии 1 марти соли 2015 ба далели ба даст наовардани раъйи лозим натавонистанд соҳиби курсӣ дар порлумон шаванд.

XS
SM
MD
LG