Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас дар Қаробоғ аз сар гирифта шуд


Музокироти Қаробоғ дар Вена
Музокироти Қаробоғ дар Вена

Руасои ҷумҳуриҳои Арманистону Озарбойҷон тааҳҳуди худ ба оташбас ба вилояти аз Озарбойҷон ҷудошудаи Қаробоғи Кӯҳиро аз сар гирифтанд ва ҷиҳати истиқрори нозирони САҲА дар хатти муноқиша дар ин вилоят низ тавофуқ карданд. Амрикову Фаронса ва Русия рӯзи 16 май дар як баёнияи муштарак дар Вена гуфтанд, ки Серж Саркисиён ва Илҳом Алиев ҳамчунин ҷиҳати давраи навбатии музокирот дар масъалаи сарнавишти Қаробоғ тавофуқ кардаанд. Макони ин музокирот бояд бо ризоияти ҳарду тараф интихоб шавад. Нишасти Вена нахустин дидори Саркисиён ва Алиев аз замони фурӯ пошидани оташбас дар хатти низоъ дар марзи Қаробоғ дар ибтидои моҳи апрел буд. Боку ва Ереван аз замони Шӯравӣ рӯи ин вилоят баҳс доранд. Ҳоло Қаробоғ аз сӯи арманиҳо идора мешавад.

XS
SM
MD
LG