Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе натиҷаҳои як барнома барои ҷилавгирӣ аз бемории силро муаррифӣ карданд, ки нишон додааст, ҳар сол садҳо нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия бо сил бармегарданд.

Мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷараёни таҳқиқу ташхиси сиҳатии бештар аз 400 ҳазор муҳоҷири корӣ ва хонаводаҳои онҳо дар миёни онҳо тақрибан 10 ҳазор нафарро пайдо кардаанд, ки нишонаҳои бемории силро доранд. Дар ин миён 1452 ҳазор нафари онҳо гирифтори бемории сил будаанд ва ба табобати фаврӣ эҳтиёҷ доштаанд.

Таҳқиқ дар чаҳорчӯби тарҳи "TB REACH" ва бо ёрии молии як муассисаи хайрияи Ҳолланд сурат гирифтааст. Дар расми муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот дар Душанбе гуфта шуд, ки маъмурони беҳдоштӣ хона ба хона гашта ва дар бораи муҳоҷирони корӣ, ки қариб дар ҳар се хонаводаи тоҷик ҳастанд, маълумот ҷамъ кардаанд.

Таҳқиқ барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории сил сурат гирифта ва аз моҳи июни соли 2014 то моҳи марти имсол ва дар 11 ноҳияи Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Тоҷикистон аз кишварҳое дар ҳавзаи Аврупо дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ҳисоб меравад, ки бемории сил яке аз монеаҳои рушди кишвар ва сарборӣ дар иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Бар асоси омори созмони мазкур аз соли 2013, аз миёни ҳар 100 ҳазор сокини Тоҷикистон 142 нафари онҳо ба сил мубтало мешаванд ва бемории бисёре аз онҳо бемории сили муқовим ба доруҳои маъмулист.

Дар соли 2014 дар Тоҷикистон бештар аз 6200 бемории сил сабти ном шуда буданд, ки нисфи зиёди онҳо ё 3400 нафарашон мард ва теъдоде ҳам муҳоҷирон будаанд. Барномаи Рушди Созмони Милал, ки ба Тоҷикистон дар мубориза бо бемориҳои мухталиф аз ҷумла бемории сил кӯмак мекунад, дар бораи сарнавишти Сӯҳроб Абдуллоев, як сокини ноҳияи Ҳисор нақл мекунад, ки соли 1996 ҳангоми тиҷорат дар Русия гирифтори бемории сил шуда ва ҳамонҷо табобат мегирифт.

Баъди бозгашт ба Тоҷикистон Сӯҳроб Абдуллоевро дигарбора муоина карданд ва маълум шуд, ки ӯ бо бемории сил баргаштааст. Дар ин муддат падар ва бародари хурди Сӯҳроб аз бемории сил фавтиданд, вале худи ӯ ҳоло бар асоси барномаи табобати бемориҳои сили муқовим ба дору, муолиҷа мешавад ва вазъаш хуб шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо бемории силро ба барномаҳои стротегии кишвар шомил кардааст ва ҳамин соли гузашта барномаи 5 солаи Назорат бар бемории сил дар соли 2010-2015 анҷом ёфт. Бо вуҷуди онки кашфи бемориҳои сил дар кишвар дар ин муддат беҳтар шудааст, аммо суръати гирифторӣ ҳамчунон баланд аст ва аксаран онҳое бемор мешаванд, ки дар шароити сахт дар Русия кор мекунанд ва ба сиҳатии хеш аҳамият намедиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG