Пайвандҳои дастрасӣ

Як духтари 13-сола аз Тоҷикистон дар Русия худкушӣ кардааст. Ҷасади ин духтарро бо аломатҳои худкушӣ шоми 13 май аз як манзили хусусӣ дар ноҳияи Суворови вилояти Тула пайдо кардаанд. Иллати даст ба ҷони худ задани ин хонандаи синфи панҷи яке аз мактабҳои маҳаллӣ ҳанӯз рӯшан нест.Кумитаи тафтишот дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 110-уми Кодекси ҷиноии Русия (расондан ба худкушӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ин модда барои ба ҳолати худкушӣ расондани афрод бо роҳи таҳдид, бадрафторӣ ва пайваста паст задани шаъну шарафи ҷабрдида ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндон ваё то 5 сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ мекунад.

Ин нахустин мавриди худкушии шаҳрвандони тоҷик дар Русия нест. Дар моҳи апрел ва ибтидои моҳи май се муҳоҷири ҷавони тоҷик дар шаҳру вилояти Ленинград даст ба ҷони худ заданд. Наврӯз Саидалиев аз рустои Шерхони ноҳияи Ховалинг 19 сол, Мӯҳриддин Аминови аз рустои Зерободи ноҳияи Айнӣ 31 сол ва Ҳусейн Саидов, сокини шаҳри Душанбе ҳамагӣ 29 сол доштанд. Иллати худкушии Наврӯз Саидалиев ва Мӯҳриддин Аминов ҳанӯз рӯшан нест, вале Ҳусейн Саидов, ба гуфтаи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, аз бонк қарздор буд ва азбаски “натавонистааст қарзи бонкро баргардонад, худро ба дор овехтааст.”

XS
SM
MD
LG