Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бегоҳи 18 май дар Душанбе бозии дуҷонибаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Сармураббии нави мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов бо мақсади шиносоӣ бозигарони дастаро 18 май дар Душанбе ҷамъ меорад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бегоҳи чоршанбе тими миллӣ ба ду ҳайат тақсим карда, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дуҷониба анҷом медиҳад. Сармураббӣ ба ин бозӣ 28 бозигар– 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 2-юм ва 7-уми июн мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои плей-оффро барои роҳ ёфтан ба сабқати гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Бангладеш анҷом медиҳад. Бозии аввал 2-юми июн дар Душанбе, бозии ҷавобӣ 7-уми июн дар Дакка барпо мегарданд.

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло Бобоев (ССКА «Помир»);

Ҳимоятгарон: Дороб Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), Эраҷ Раҷабов («Хайр»), Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»);

Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду – «Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (ҳама – «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Ҳосилот»), Парвиз Қашқаров (ССКА «Помир»), Худойдод Узоқов, Умедҷон Шарифов (ҳарду – «Вахш»), Фирӯз Қараев, Ромиш Ҷалилов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»).

XS
SM
MD
LG