Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуоти Ғарб хост, Русияро ба олимпида роҳ надиҳанд


"Чикаго Трибюн", яке аз нашрияҳои бонуфузи Амрико дар сармақолааш дар рӯзи гузашта даъват кардааст, то аз ширкати варзишгарони Русия дар Олимпиада дар Рио-де-Жанейро ҷилавгирӣ шавад. Нашрия далели ин амрро ба истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарони рус дар мусобиқоти байналмилалӣ марбут хондааст.

Рӯзномаи маъруфи Канада "Глоуб энд Мэйл" ин суолро матраҳ кардааст, ки варзишгарони Русия ба Олимпиадаи тобистонаи соли ҷорӣ роҳ дода шаванд? Ва посух додааст: на.

Ин мақолаҳо навъи вокуниш ба мусоҳибаи Григорий Родченко, раиси собиқи ташхисгоҳи антидопинги Русия ба рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" будааст. Ба гуфтаи Родченко, дар ҷараёни Олимпиадаи зимистона дар шаҳри Сочӣ натиҷаҳои ташхиси допинги варзишгарони Русия ба дастури Хадамоти амнияти миллии ин кишвар сохтакорӣ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG