Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии ҷудо дар Алматии Қазоқистон шикаст хӯрданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 13-15 май дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, ба нокомӣ дучор шуданд. Мусобиқа миёни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ гуштигир - Фарҳод Раҳимов, Сафарбек Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - намояндагӣ карданд.

Танҳо Саидҷалол Саидов натиҷаи хубтар ба даст овард. Ӯ дар вазни то 100 кило баъди ду пирӯзӣ бар Нурум Салимҷепеев (Қазоқистон) ва Александр Заалишивили (Гурҷистон), аз Миклос (Сирҷеникс (Маҷористон) ва Соиб Қурбонов (Узбакистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Кодо Накано (Филиппин) пирӯз шуд, вале баъдан аз Ҷасим Боттию (Белгия) мағлуб гашт.

Сафарбек Муродов низ дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Ҳусейн Ал-Амирӣ (Ироқ) ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Шаҳзодбек Собиров (Узбакистон) шикаст хӯрд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Звиад Гоготчурии гурҷиро мағлуб кард, вале дар даври баъдӣ аз Михаел Зганк (Словения) ноком шуд.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал қувваозмоиро ба Йерҷан Шинкеев (Қазоқистон) бохт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки 396 варзишгар (249 мард ва 146 зан) аз 83 кишвари ҷаҳон ширкат дошт, ҷудочиён, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳо ба даст оварданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо се медали тилло ва ду медали биринҷӣ мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Гурҷистон бо ду медали тилло ва ду медали биринҷӣ дувум шуд. Мунтахаби Куба бо ду медали тилло ва як медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт.

Дастаи Тоҷикистон бо як ҷойи ҳафтум мақоми 36-умро соҳиб шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон
60 кг

1. МОНЗИ Элиос (Италия)
2. ИБРАЙЕВ Рустам (Қазоқистон)
3. ЛУТФИЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбакистон)
3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистон)

66 кг
1. МАРУЯМА Йоширо (Ҷопон)
2. СМАГУЛОВ Жансай (Қазоқистон)
3. ЛЕ БЛОУЧ Килиан (Фаронса)
3. ЖУМАКАНОВ Йулдос (Қазоқистон)

73 кг
1. ШАВДАТУАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)
2. ЙЕЗЕК Яромир (Ҷумҳурии Чех)
3. ҲАМЗА Динар (Қазоқистон)
3. ТАТАЛАШВИЛИ Нугзари (Гурҷистон)

81 кг
1. СИЛВА МОРАЛЕС Иван Фелип (Куба)
2. МАРКОНСИНИ Маттео (Италия)
3. НЯМСУРЕН Дагвасурен (Муғулистон)
3. ЗОЛОЕВ Владимир (Қирғизистон)

90 кг
1. КЛЕРГЕТ Аксел (Фаронса)
2. ЧЕНГ Ксунжао (Чин)
3. МЕДИЙЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. ЗГАНК Михаел (Словения)

100 кг
1. МАММАДОВ Елхан (Озаройҷон)
2. БУЗАСАРИНИ Рафаел (Бразилия)
3. ҚУРБОНОВ Сойиб (Узбакистон)
3. МАҲҶУБ Ҷавод (Эрон)

+100 кг
1. ОКРАУШВИЛИ Адам (Гурҷистон)
2. КОКАУРИ Ушанги (Озарбойҷон)
3. МАТИАШВИЛИ Левани (Гурҷистон)
3. ТАЙЕБ Муҳаммид Амин (Алҷазоир)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG