Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юрий Чубаев, мудири пешини қабристони Хованск, ки дар робита ба занозании охир дар ин қабристон боздошт шуд, узви шӯрои Кумитаи тафтишотии Русия аст. Ба ҷуз аз ӯ, дар миёни 14 гумонбари ин парванда корманди пулис Никита Мошенко низ ҳаст, ки баъди айбдорӣ дар авбошӣ аз Вазорати корҳои дохилии Русия ронда шудааст,

Дар маҷмуъ, тибқи иттилои ВКД-и Русия дар занозании қабристони Хованск, ки 14 май рух дод, наздики 200 нафар иштирок доштааст. Дар ин занозанӣ ва тирпарронӣ 3 кас кушта, бештар аз 20 нафар бистарӣ шудааст. Бештар аз 100 гумонбар боздошт гардидааст. Сабаби аслии ин рухдодро муфаттишон "далелҳои молӣ" унвон мекунанд.

Порлумони Тоҷикистон дар робита ба марги 3 шаҳрванди кишвар изҳори нигаронӣ кард.

XS
SM
MD
LG