Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум ба зиндон шудани 5 "салафӣ" дар Хатлон


Додгоҳи вилояти Хатлон 5 нафарро бо гуноҳи пайравӣ ба ҷараёни бунёдгарои Салафия ба зиндон маҳкум кард.

Дар муҳокимаи додгоҳӣ, ки рӯзи 16-уми май дар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт, додрас 5 сокини ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро барои ташкили "иттиҳоди эктремистӣ" дар Тоҷикистон гунаҳкор донист ва ҳамаи онҳоро аз 5 то ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Сайфиддин Муҳиддинзода, додраси парванда гуфт, ки бо назардошти бори аввал ҷиноят содир кардани Абдулҳамид Муннаварови 23-сола, Умедҷон Амонови 24-сола, Сиратулло Саидои 22-сола, Мансур Торунови 26-сола ва Додарбек Муҳаббатови 26-сола ва соҳиби фарзанд будани онҳо додгоҳ ҷазои сабуктаре барои онҳо таъйин кард, ҳарчанд ин ҷавонон бояд дар зиндони низомаш сахт нигаҳдорӣ шаванд.

Маҳкум ба зиндон шудани 5 "салафӣ" дар Хатлон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Додситон дар ҷараёни муҳокима гуфт, ки ин сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳфилу масҷидҳо, ғояҳои ифротии ҷараёни Салафияро тарғиб мекарданд. Аз ҷумла аз мардум даъват мекарданд, ки тарзи намозхонияшонро дигар кунанд ва барои хешовандони фавтидаашон, худоӣ ва дигар маъракаҳо хайриву садақа баргузор накунанд. Ба гуфтаи Сайфиддин Муҳиддинзода, додраси парванда, аз хонаи ҷавононе, ки дар курсии муҳокима нишаста буданд, китобҳои ҷараёни салафия, диску наворҳои тарғиботии ин ҳаракатро пайдо ва мусодира кардаанд. Ҳамаи муттаҳамон ба ҷиноят рӯзи 11-уми феврал дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар муҳокима ширкат дошт, хешовандони афроди зиндонишуда, дар додгоҳ мегуфтанд, ки наздиконашон гуноҳе надоранд ва “дар ҳаққи онҳо тӯҳмат задаанд”. Аммо баъди муҳокима ҳеҷ яке онҳо, аз ҷумла Фатҳулло Амонов, падари Умедҷон Амонов нахостанд дар бораи ҳукми додгоҳ сӯҳбат кунанд.

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, дар ин вилоят дар зарфи се моҳи соли равон 50 сокини ин вилоят, аз ҷумла як занро бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни салафия дастгир карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2009-ум ҷараёни "Салафия"-ро барои амнияти кишвар хатарнок ва фаъолияташро мамнӯъ эълон кард. Мардуми Тоҷикистон аксаран мусалмонҳои ҳанафӣ, як равияи мӯътадили Ислом ҳастанд ва мақомот аз гаравидани шарҳрвандони алоҳида ба ҷараёнҳои дигари мазҳабӣ шадидан ҷилавгирӣ мекунанд. Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд аз миёни ҳазор шаҳрванди кишвар, ки ба Сурияву Ироқ рафта ва аксаран ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд, бисёрашон пайрави ҷараёни Салафия буданд.

XS
SM
MD
LG