Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Беларус ва Русия аз сипари мушакии Амрико


Владзимир Макей-вазири корҳои хориҷаи Беларус мегӯяд, Беларус ва Русия аз таъсиси сипари дифои мушакии Амрико дар Аврупои Шарқӣ нигарон мебошанд.

Макей ин суханонро баъд аз мулоқот бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар Минск изҳор дошт. Лавров ҳамчунин бо Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус дидор ва гуфтугӯ кард.

Макей гуфт, Русия ва Беларус ба тавофуқ расидаанд, ки ин масъаларо баррасӣ кунанд ва дар пасманзари нақшаҳои Амрико дар бораи эҷоди сипари дифои мушакӣ дар Руминия ва Полша тадбирҳои ҷавобӣ андешанд.

Русия бар зидди ин нақшаҳо эътироз кардааст. Вале Вашингтон такрор ба такрор мегӯяд, ки ин сипар кишварҳои НАТО-ро аз мушакҳои кӯтоҳбурд ва миёнбурди кишварҳои саркаши Ховари Миёна ҳимоят мекунад.

Вазирони корҳои хориҷаи Русия ва Беларус ҳамчунин боздиди қарибулвуқуи Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз Беларус дар аввали моҳи июнро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG