Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазифаи хонагӣ. Ба сари ҳар талаба - ду китоби Каримов


Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Дар вилояти Сурхондарёи Узбакистон мактаббачаҳоро маҷбур мекунанд, ки коғазҳои нодаркор ҷамъ намоянд. Бар иловаи ин, онҳо вазифадор шудаанд, ки ҳар кадоме ду китобӣ аз асарҳои президент Ислом Каримовро биоранд.

Дар Узбакистон теъдоди беҳисоби китобҳои даврони шӯравӣ, ки замоне хондан ва ҳифзи онҳо ҳатмӣ буд, ҳоло ба коғазпораи нодаркор табдил ёфтаанд. Ҷойи онҳоро асарҳои Ислом Каримов ишғол кардааст.

"Дар мактаб ба мо гуфтанд, ки китобҳои Каримов бояд дар рафҳои шишагӣ гузошта шавад ва амр шуда, ки китобҳои калонҳаҷми президентро биорем. Фаҳмида мешавад, онҳоро дар рафҳои мактаб мегузоранд. Барои чӣ ба ҷойи Вазорати маориф мо бояд онҳоро бихарем?" - мегӯяд бо нигаронӣ мактаббачае аз вилояти Сурхандарё дар суҳбат бо хабарнигори бахши узбакии Озодӣ.

Ба назари ҳуқуқшиносон, вазифадор кардани мактаббачаҳо барои ҷамъ кардани коғазҳои нодаркор зидди қонун дар бораи манъи истифодаи нерӯи кӯдакон аст. "Ин кор боис ба дуршавии кӯдакон аз омӯзиш мешавад. Водор кардани кӯдакон барои ҷамъоварии коғазпора, оҳанпора ва ё ба ҷойи он овардани пул яке аз тамаъҷӯиҳои ҳукумати Узбакистон аст," - гуфтааст ҳуқуқшинос аз шаҳри Тошканд Сурат Икромов.

Баъзе аз мудирони мактабҳои Сурхандарё дар суҳбати бидуни микрофон бо бахши узбакии Озодӣ гуфтаанд, ки ба онҳо аз ҳокимияти маҳаллӣ амр шудааст, то коғазпора ҷамъ кунанд. Намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ дар навбати худ мегӯянд, дар ин бора ба онҳо аз Девони вазирони Узбакистон дастур шудааст.

XS
SM
MD
LG